Дар пайи пахши гузорише хабарӣ дар яке аз барномаҳои Би-би-сӣ, ки дар бораи озори ҷинсии кӯдакон нақл мекард, Ҷорҷ Энтуисл аз маснадаш истеъфо дод.
Тибқи иттилоъи расида, ин гузориши хабарӣ дар барномаи Нюзнайт (Newsnight), яке аз пурбинандатарин барномаҳои Би-би-сӣ пахш шуд. Ҷаноби Энтуисл пеш аз истеъфо гуфта буд, ки гузориши барномаи Нюзнайт (Newsnight) иштибоҳан Макэлпайн, яке аз аъзои маъруфи ҳизби муҳофизакорро ба кӯдакозорӣ муттаҳам карда буд ва набояд он пахш мешуд.
Гузориши Нюзнайт (Newsnight), ки ба баррасии сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон дар марокизи нигаҳдории кӯдакони Уэлс дар даҳаи 1980 ихтисос дошт, аз лорд Макэлпайн ба исм ном набурдааст, вале матолиби мунташиршуда дар сомонаҳои интернетӣ бо истинод ба ин гузориш ӯро ба унвони муттаҳам шинохтанд.
Ҳамзамон, Энтуисл гуфтааст, ки ӯ пас аз пахши гузориш аз мӯҳтавои он бохабар шудааст.
Ба гуфтаи оқои Энтуисл ӯ ба унвони мудири кулли Би-би-сӣ ва сардабири ин созмони хабарӣ масъули муҳтавои барномаҳое аст, ки аз ин расона пахш мешавад.Ҷорҷ Энтуисл камтар аз ду моҳ ҳидояти Би-би-сиро бар уҳда дошт. Ӯ ҳафдаҳуми сентябр ба ин симат интихоб шуда буд.
Мӯҳр