"Вашингтон Пост" дар як гузориш аз беҳбуди вазъияти гардишгарӣ дар Эрон ва афзоиши ҷазби турист дар ин кишвар хабар дода ва навиштааст: меҳмоннавозии эрониҳо барои ғарбиҳо ҷаззобият дорад.
Дар ин гузориш омада:талошҳои байналмилалӣ барои мунзавӣ кардани Эрон ва водоштани ин кишвар ба мутаваққиф кардани барномаи ғанисозии худ таъсир дошта ва барои мақомоти эронӣ бисёр хушоянд буд, ин таъсир чизе нест ҷуз ҷаҳиши гардишгарии Эрон.
Гузориш меафзояд: ҳарчанд аксари бахшҳои иқтисоди Эрон бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд ва даромади нафтӣ ба мизони зиёде коҳиш пайдо карда, аммо ба хотири коҳиши арзиши пули Эрон -риёл қудрати хариди хориҷӣ дар Эрон нисбат ба ҳар замони дигаре боло рафтааст, дар натиҷа гардишгарон тамоюл доранд ба кишваре сафар кунанд, ки даҳҳо сол барои ҳама минтақаи мамнуъа будааст.
Мӯҳр