Дар шимоли кишвар зиёда аз 54 килограмм маводи мухаддир боздошт гардид.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаври-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, аз тарафи кормандони ин ниҳод, дар таҳхонаи яке аз хонаҳои истиқоматии маркази шаҳр 5 кило ҳероин ва 49 кг ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Оиди ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр