Марк Бассели Юсеф, яке аз созандагони филми пурҷанҷоли «Бегуноҳии мусалмонон», ки тамомоми мусалмонони дунёро ба шур оварда буд, ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум шуд. Чунин қарорро додситони Лос-Анджелес қабул намудааст.
Бояд гуфт, марди 55-сола на барои сохтани филми ҷанҷолбарангез ва ҷой додани он дар Интернет, балки барои вайрон кардани талаботи мӯҳлати санҷишии барои ҷинояти қабли таъиншуда ҳабс карда мешавад.
Юсеф соли 2010 барои қаллобӣ бо кортҳои бонкӣ дастгир шуда, ба 21 моҳи ҳабс ва лағви ҳаққи истифодаи Интернет ба муддати 5 сол маҳкум шуд. Cоли 2011 барои рафтори намунавӣ ӯ ба муҳлати санҷишӣ озод шуд. Марк Бассели Юсеф, ки ҳамчунин худро Сэм Бэсил ва Накула Бассели Накула ном мебарад, аз ҳашт ба чор нуқтаи айбнома иқрор шудааст. Аз он ҷумла, ӯ аз ҳуҷҷати ронандагии қалбакӣ истифода намуда аст. Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҳукумати судӣ аз аввал гуфта буданд, ки ин раванди судӣ бо филми «Бегунохии мусалмонон» ҳеҷ бастагӣ надорад.
Мӯҳр