Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар ҷаласаи бахшида ба солгарди 18-уми қабули ширкат ва суханронӣ кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур барои иштирок дар ин чорабинӣ роҳбарият ва кормандони масъули сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла мақомоти адлияву судӣ, Шӯрои адлия, прокуратура, корҳои дохилӣ, сохторҳои гуногуни низомӣ ва дигар шахсони дахлдор ҷамъ омаданд. Президент дар бамромадаш аз рӯзҳои вазнини солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла бӯҳрони конститутсионӣ, фалаҷ шудани ҳокимияти давлатӣ, бесарусомонии саросарӣ ва оқибат ҷанги хонумонсӯзӣ дохилӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки таҳия ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он ваъзи сангин таҳкимбахши асосҳои давлатдории навини тоҷикон гардид.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Конститутсияи нави Тоҷикистон бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро чун мақсади асосии давлати мо муайян намуда, арзишҳои воло ва суннату анъаноти бебаҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум намуд.Бо ёдоварӣ аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки солҳои 1999 ва 2003 сурат гирифта буд, изҳор гардид, ки ин дигаргуниҳо ба пойдору устувор гардондани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оварда, ба низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон асос гузоштанд.
Мӯҳр