Бино ба иттилоъи расида ва таҳқиқи қаблии натиҷаи овоздиҳӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ, Айдаҳо, номзади ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ пирӯз шуда, 191 овози интихобӣ ба даст овардааст.
Президенти феълии ИМА Барак Обама бошад, дар аёлатҳои Калифорния, Вашингтон ва Ҳавай пирӯзӣ ба даст овардааст. Айни замон Обама 238 овози интихобӣ дар ихтиёр дорад. Барои пирӯзӣ дар интихоботи раисиҷумҳури ИМА барои номзад зарур аст, ки камаш 270 раъйи интихобиро соҳиб шавад.
Ёдрас менамоем, дар Амрико барои ба даст овардани курсии президентӣ ду нафар- Барак Обама, президенти кунунӣ (аз ҳизби демократӣ) ва Митт Ромнӣ (намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳон) мубориза доранд.
Мӯҳр