Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Полша оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Полша сурат мегирад.
Аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба Озодагон иттиллоъ доданд, ки ин ҳамоиш аз 5-ум то 8-уми ноябр дар ҷумҳурии Полша баргузор мегардад, ки дар он шаш тан аз масъулини сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Имомиддин Сатторов, сафири Фавқуллода ва Мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва ҷануби Полша, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷаввонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Исроилов, муовини вазири кишоварзӣ ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур ба имзо расонидани Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҷумҳурии Полша дар бахши туризм дар назар аст.
Мӯҳр