Дар назар аст, рӯзи 7-уми ноябр Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо раисони ҷамоат ва фаъолони ноҳияи Рудакӣ мулоқот намояд.
Аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, ки мақсад аз ин мулоқот корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ ҷиҳати танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Зимни ин нишаст қарор аст, масоили мухталиф, аз қабили шиносоӣ бо вазъи хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатии минтақа дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони кишвар, ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва саҳми онҳо дар рушди ноҳия баррасӣ гардад.
Манбаъ илова намуд, ки иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Тоҷикистон, дараҷаи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда низ дар ҷараёни ин ҳамоиш матраҳ хоҳад шуд.
Мӯҳр