Ин ниҳоди молӣ барои дастгирии буҷа ва низоми андози Тоҷикистон ду бурс (грант) ба маблағи 38 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Тавре ба Озодагон аз дафтари душанбегии БҶ иттилоъ доданд, аз ин миқдор 20 миллионаш барои кам кардани таъсири пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ, мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ ва коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Масъулини Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, ин маблағ, ки аз силсилагрантҳои соли 2009-ум аст, ба давлат имкон медиҳад хароҷоташро барои тандурустӣ, маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ коҳиш надода, ҳамзамони шароити фаъолияти бахши соҳибкориро беҳтар созад.
Ба иттилоъи манбаъ, гранти дуюм дар ҳаҷми 18 миллион доллари амрикоӣ барои такмили низоми андозбандии Тоҷикистон равона хоҳад шуд. Мақсади ин лоиҳа таъмини шаффофият дар бахши андозбандӣ, кам намудани хароҷоти ин бахш, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои андозӣ ва мубориза бо иқтисоди соягӣ (пинҳонӣ) арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, Бонки Ҷаҳонӣ айни ҳол дар Тоҷикистон 14 лоиҳаро ба маблағи умумии 236 миллион доллари амрикоӣ амалӣ карда истодаст, ки аксарияти онҳо ба соҳаи гидроэнергетика рост меоянд.
Мӯҳр