Тайи 9 моҳи соли равон табодули амволи ин ду кишвар беш аз 483 миллион долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 166,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Тавре ба Озодагон аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд, зимни як нишасти муштарак дар Душанбе ҷонибҳо омодагии хешро барои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор доштанд. Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Қазоқистонро Нурлан Капаров, вазири ҳифзи муҳити зисти ин кишвар роҳбарӣ карданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин нишаст масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, фарҳанг, кишоварзӣ, энергетика ва саноат, сайёҳӣ, варзиш ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мӯҳр