Бақияи умумии қарзҳои додашуда дар қаламрави ҷумҳурӣ давоми 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 9% зиёд гардидааст.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки чунин афзоиш ба баланд шудани талаботи аҳолӣ вобастагӣ дорад: «Таркиби бақияи қарзҳои номбурда аз 68,4 фоиз ё 3,5 миллиард сомонии бақияи қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 31,6 фоиз ё 1,6 миллиард сомонии қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад».
Манбаъ мегӯяд, дар давраи ҳисоботӣ фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 20,53% ва бо асъори хориҷӣ 24,49%-и солона баробар шудаанд.
Гуфта мешавад бинобар зиёд шудани талаботи аҳолӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,8 фоиз афзудааст. Аз ин ҳисоб 468,3 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18,6% зиёд мебошад.
Мӯҳр