Бахшҳо

Дар Кӯлоб мактабро ба номи афсари ҳалокшуда номгузорӣ карданд

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44-и ноҳияи Фархор ба хотири  афсари ҷавону ғӯрамарг Акрам Сайвалиев номгузорӣ шуд.

Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯӣ хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар ин чорабинӣ масъулини мақомоти иҷроия, намояндагони Вазорати мудофиа, ҳамсафони марҳум ва наздикону пайвандони ӯ ширкат доштанд. Дар оғози ҷамъомад барои поси хотираи неки ӯ дақиқаи хомушӣ эълон карда  шуд. Масъулин зимни суханронии хеш дар назди ҳозирин аз бурду бохт ва фаъолияти пурмаҳсули Акрам Сайвалиев ёдовар шуда, хизматҳои арзандаи ӯро намунаи олии ҷавонмардӣ, садоқатмандиву вафодорӣ ва ибратомӯзи наслҳои имрӯзаву оянда унвон намуднд.

Маврид ба ёдоварист, Акрам Сайвалиев соли 1991-ум ба Коллеҷи ҳарбии шаҳри Барнаули Русия дохил шуд. Пас аз он ки дар Тоҷикистон Коллеҷи Олии ҳарбӣ таъсис ёфт, мавсуф тариқи интиқол таҳсилашро дар кишвар идома дод. Ҳамин тариқ ӯ ба ҳайси устоди илми ҳарбӣ дар давоми фаъолияти қариб 20-солааш дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ тамоми зинаҳои хизмати ҳарбиро паси сар карда, аз командири взвод то ба вазифаи муовини фармондеҳ расидааст.

-Марги нобаҳангому фоҷиабори ин афсари 36-сола нимаи дуюм рӯзи 19-уми сентябри соли 2010-ум ба вуқуъ пайваст. Акрам Сайвалиев ҳамроҳи 5 нафар афсар ва 19 сарбоз ҳангоми бозгашт аз машқгоҳи саҳроӣ  ба маҳали хизмати доимӣ дар қисмати шарқии мамлакат (дараи Камарови ноҳияи Рашт) дар роҳ ба камини гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ афтода, дар натиҷаи муқовимат бо ҳамсафонаш ба ҳалокат мерасад»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)