Маҷмуаи ашъори шоири рангинхаёл ва дардошно Алимуҳаммади Муродӣ бо номи "Моҳи хасрав" ба нашр расидааст. Воқеан аксари навиштаҳои ин шоир дар фазои шеъри мо як падидае буду ҳаст ва инак чанд намунае аз ин китоби нави шоири озода ва марди дарошноро ба нашр мерасонем.
ИСЁНОбрӯи хок мемонад гадоандешаро,
Пеши соғар хамшуданҳо хор созад шишаро,
Рӯи доғи дардро аз ханда рӯкаш кардаем,
Мекунад дар пӯст пинҳон нахл захми тешаро,
Боғбон аз ранги зарди боғ агар фоле назад,
Шохаи пажмурда донад иллати ҳар решаро.
Байни мову зиндагӣ андеша ҷанг андохтаст,
Меканам аз хонаи ҳастӣ паи андешаро.
ЭҲСОНИ ЗИНДАГӣБошад насиби хору хас борони зиндагӣ,
Мо гулбунему ташнаи эҳсони зиндагӣ.
Шукри ғамаш, ки бенасиб аз ғам набудаем,
Эй офарин ба ҳиммату имкони зиндагӣ.
Як умр саъй кардаму чашмам нагашт ром,
Мондам агарчӣ ҷони худ бар ҷони зиндагӣ.
Дил мезанам чу ғук, Худо, ташнамур шудам,
Хушкидааст чашмаи ҷӯшони зиндагӣ.
Саҳроие, ки банда буд, озод шуд, чаро,
Озодаему хастаи зиндони зиндагӣ.
ГАР ЧУНИНГар чунин ишқи ватан ишқи риёӣ бошад,
Охири кори ватандор гадоӣ бошад.
Арзаи фазлу ҳунар арзи хатоандешист,
Аввали ҳарф чу пурсанд: куҷоӣ бошад.
Ҳаркӣ даҳрӣ нашуд имрӯз, мунофиқ хонаш,
Фикри масҷиднишин чун ба худоӣ бошад.
Тарсам он рӯз, ки ин даҳр ҷаҳонӣ гардад,
Марги ҳар қавми худокушта ҷудоӣ бошад.
МЕҶӯШЕМ МОБаски байни тӯдаи хасрӯба меҷӯшем мо,
Ҳар қадар чун чашма мекӯшем, хаспӯшем мо.
Дар дабистони замона нест ҷуз дарси шикам,
Дониши аз хотири мардум фаромӯшем мо.
Роҳрави шабмондаи раҳгуми таърихем, шаб
Дар суроғи як чароғи хира мекӯшем мо.
Ҳеч суде нест фарёди дили бедорро,
Зери боми хуфтагони пахтадаргӯшем мо.
Дар даҳони мор бошад ҷони дар сӯзоки ғам,
Гарчи чун дасти шикаста андар оғушем мо.
БӯИ ҒАЙРБӯи ғарбӣ мекунад боди сари пурбоди мо,
Лаҳҷаи бегона дорад мурғи навфарёди мо,
Хомсӯзи сусту сахтии алови қисматем,
Ё ки моро хом кандаст аз танӯр аждоди мо.
Дар бинои эътиқоди мо шикаст афтодааст,
Лои нохелида бошад хишт дар бунёди мо.
Сели фаҳшолуда мерезад ба рӯди поки Шарқ,
Шеваи озодагӣ гум мекунад озоди мо.
Кас намешӯяд ғубори рӯи моро ғайри ашк,
Дасти моро меканад он, ки кунад имдоди мо.
ШУДРӯ1Дар ғубори тирабахтиҳо сафо дармондааст,
Ризқи мардум дар гулӯи осё дармондааст.
Чун зи ҷанги шаҳрвандиҳо умеди ҳар диле,
Ҷон саломат бурдаву бедасту по, дармондааст.
Роҳиён дар чорсӯи зиндагӣ раҳгум зада,
Кас нишони раҳ надонад, раҳнамо дармондааст.
Пешрафте нест сӯе пои корафтодаро,
Пешкор аз по задасту пешво дармондааст.
Баски колои ҳунар афтод аз мӯди замон,
Ҳар кӣ дорои ҳунар буд, чун гадо дармондааст.
Сад балоро пушти сар кардаст қавми ориён,
Дар балои душмании ошно дармондааст.
1Шудрӯ - ҳавои рутубатнок, борони ниҳоят реза.
Чӣ МЕБИНАМБа гулзори ҳавас мурғи хушовозе намебинам,
Ба базми зиндагӣ як нағмапардозе намебинам.
Чу мурғи хонагӣ аз бас дили шавқам заифбол аст.
Аз ин хушболу пар як азми парвозе намебинам.
Дар ин поиз сарсонам ба ҳар сӯ чун маҳи хасрав1,
Сари шохи дарахти бахт ҷуз ғозе намебинам.
Арӯси орзу ҳамчун зани бепарда рухбоз аст,
Ҳавасбанд аст, аммо лаззати нозе намебинам.
Ба сад дар сар задам, то як дари умед бикшоянд,
Худо, дар кӯча мемонам, дари бозе намебинам.
1 Моҳи хасрав - ғози мизон, торҳои чун тори анкабут, ки ҳангоми хазон дар ҳаво парвоз карда мегарданд.
БУХОРИРО ФУРӯЗОН КУНБухориро фурӯзон кун,
Зимистонро,
Биё, бар кӯча меронем,
Ки ҷои ин хунукрӯ хонаи мо нест.
БИҲИШТӣБа ёди Пиримқул Сатторӣ
Баъди ҳазор ғам,
Ногоҳ як шабе зи шабони ҳазордард.
Дар хоб дидамат,
Чӣ хоб,
Хоби лаҳзаи беёдии мариз.
К-эй дар замона хор,
В-эй бар Худо азиз.
Ту дар биҳишт будаӣ ҳамчун шаҳиди пок,
Ман дар диёри дӯзахи бедорфикрҳо.
Беҳуда ҷустамат.
Гуфтам:
Нагуфтамат,
Худро назан дар обу алоб аз барои қавм,
К-ин қавми дӯсткуш,
Ҷамшедро ба арраи Заҳҳок додаст.
Ғамханда дар лабат,
Гул зад ба рӯт ғӯзаки андӯҳи беҷавоб.
Бигзаштӣ аз барам,
Бедорӣ буд,
На хоб.
ТАНҲО ШАБУ БОРОНЯк равзана во нест,
Як кӯча чароғон.
Не шабрави масте, ки зи ғавғош бидонӣ,
Як зинда ҳанӯз аст дар ин шаҳри хамӯшон.
Танҳо шабу борон,
Танҳо шабу борон.
Хез,
Аз паи як шӯъла ба субҳе бипаноҳем,
К-ин мурдачароғон дараки нур.
Баъди сари ман гулхани афрӯхта монад.
КӯЧАИ САРБАСТАСер аз ҷонам кард,
Дарди бадбахтии ғафлатзадагони хушбахт.
Хестам бо зарда,
Омадам то паси равзан ба суроғи субҳе.
Парда афкандаму дидам,
Берун
Ғайри шаб чизе нест,
Рӯз рӯшанфикрест,
Андар он қалъаи шаб зиндонист.
Шаб чу зиндонбоне,
Бод дар кӯчаи сарбастаи шаб нолон аст,
Осмон гирён аст.
ДАР ИНТИЗОРИ СУБҲДар ин диёри шаб
Як шамъ нест то бидиҳад нури хираам.
Эй субҳ,
Интизории ту мекашам мудом,
Чун чашмкӯр дидаи бино кунам ҳавас.
Чароғи кӯчаи мурда
Ҳама хобанд,
Аз ин кӯчаи мурда
Садои масти шабгарде намеояд,
Дилам бар сӯхтанҳои чароғи кӯча месӯзад.
АЙ ДАРЕҒШаб,
Шабе, ки душмани рӯзиву ҳоло ҳукми ту ҷорист
Сояҳоятро бигӯ:
Пас-паси харсангҳову таг-таги деворҳо,
Синамолак омаданҳотон дигар аз тарси кист,
Чун дар ин хоки сиёвушкуш намонда Рустаме,
В-андар ин мулки сияҳрӯзон сипоҳи рӯз нест.
Мӯҳр