Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси палатаи болоии парлумони кишвар Президенти Шӯрои Кантонҳои Парлумони Конфедератсияи Швейтсария ҷаноби Ҳанс Алтерро бо ҳайати ҳамроҳонаш ва Сафири Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стефан Нелен ба ҳузур пазируфт.
Тавре Шафқат Саидов, ёрдамчии райси ММ МО оид ба равобит ба ҷомеъа ба Озодагон иттилоъ дод, аснои мулоқот Убайдуллоев ташрифи ҳайати бонуфузи парламентиро, ки бори нахуст ба Тоҷикистон сурат гирифтааст, сидқан шодбош гуфт. Номбурда афзуд, сафари кории мазкур дар густаришу таҳкимёбии робитаҳои байнипарламентии кишварҳо нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҳамзамон, Убайдуллоев аз ҷаноби Ҳанс Алтерр даъват ба миён овард, ки потенсиали Шӯрои Кантонҳои Парлумони Конфедератсияи Швейтсария зимни ин боздиду бардоштҳои воқеӣ аз Тоҷикистон баҳри тавсеаи барномаҳои давлатӣ оид ба сафарбарсозии сармояҳои Конфедератсияи Швейтсария дар бахши иқтисоду туризм, ҳифзи сарҳадоту мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон нек сафарбар карда мешаванд.
Баъдан, Ҳанс Алтерр аз пазироӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, дар навбати худ афзуд, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳои созанда, ки аз мароми ҳамдигарӣ маншаъ мегиранд ва густариши робитаҳои байнипарламентӣ, салоҳият ва имкониятҳои мавҷударо равона хоҳад намуд.
Мӯҳр