1-уми ноябр бар асари сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматии қисми ҷанубӣ- шарқии шаҳри Маскав як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гардид.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин ҳодиса Далер Холиқов, сокини 21-солаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҳалокат расидааст. Айни замон сабабҳои сар задани қазия ва марги ҳамватани мо таҳқиқ мешавад.
Манбаъ илова намуд, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдор барои тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати ба ватан фиристодани ҷасади марҳум чора мебинад.
Мӯҳр