Дар Душанбе мулоқоти Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Олга Гаврук, сафири Беларус дар ҶТ сурат пазируфт.
Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар нишаст вазъи умумии робитаҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳамкориҳо сол ба сол густариш ёфта тақвият меёбанд.
Ҳамзамон, дар мулоқот таъкид гардид, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 66,9 миллионн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи як соли қабл 167,4% зиёдтар аст: «Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба 60,7 миллион доллар расид ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,9% афзоиш ёфтааст».
Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки ин дастовардҳо ҳанӯз ҳар ду ҷонибро қонеъ карда наметавонанд ва дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва энергетика, ташкили корхонаҳои муштарак, иштирок дар лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва ғайра бояд тақвият бахшид.
Мӯҳр