Кормандони раёсати минтақавии гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе дар фурудгоҳи шаҳр интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.
Тавре Абдурахими Умариён Сардори Шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук ба Озодагон хабар дод, ки дар вақти барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри №2954 самти Душанбе – Екатаринбург бо гумони қочоқи маводи мухаддир бо усули дохили меъдагӣ шаҳрванди 37-соларо дастгир намуданд. Зимни аз назорати гумрукӣ гузаронидани гумонбаршуда маълум гардид, як миқдор маводи шубҳаноки монанд ба навъи ҳероинро дар дохили пойафзоли худ пинҳон кардаааст.
Инчунин манбаъ афзуд, ки бар замми он миқдори зиёди капсулаҳоро бо роҳи фурӯ бурдан дар меъдааш низ ҷой карда аст. Ҳолати аз ҳама ташвишовар он буд, ки ҳаҷми ҳар як дона капсулаҳои истеъмолнамудаи ин мусофир ниҳоят калон буда, вазни он то 7-грамро ташкил медод. Коршиносони масоили тиб мегӯянд, дар сурати кафидани яке аз ин капсулаҳо дар дохили меъда, аз эҳтимол дур нест, ки инсон худи ҳамон лаҳза ба ҳалокат бирасад. Ҳамин тавр маълум гардид, ки миқдори капсулаҳои дохили меъдаи ин мусофир 120 ададро дар бар мегирад. Дар натиҷаи ташхиси махсус муайян карда шуд, ки маводи мухаддири боздоштшуда навъи ҳероин буда, вазни умумии он дар якҷоягӣ 1килою 241,2 грамро ташкил дод.
Феълан нисбат ба ин ҳодиса бо моддаҳои 32 қисми 3, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4-и кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷинои боз гардида, атафтишот идома дорад.
Мӯҳр