Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария Стефан Нелленро бинобар ба итмом расидани мӯҳлати хизмати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Бино ба қавли манбаъ, зимни сӯҳбат ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин вазъият дар минтақа бо назардошти хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон то соли 2014 табодули афкор намуданд.
Дар нишаст, Стефан Неллен барои мусоидат ва дастгирӣ дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон аз Ҳамрохон Зарифӣ минадорӣ баён карда, мавзӯи калидии ин суҳбат, ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои гунонгуни хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон будааст.
Мӯҳр