«Бритиш Бродкастинг Корпорейшн (ВВС)» барномаеро дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон омода ба пахш намуд.
Дар ин бора ба Озодагон аз Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд. Ба қавли манбаъ, журналистони ин расона аснои боздид аз Тоҷикистон бо кори Агентӣ ошноӣ пайдо карда, бо хоҳиши онҳо, дироектори АНМН, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ҳамсӯҳбат шуд: «Рустам Назаров дар бораи вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, нақши кишвари мо дар системаи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир ва дурнамои инкишофи ҳодисаҳо дар минтақа баъди хуруҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррористӣ аз Афғонистон дар соли 2014 маълумот дод».
Манбаъ афзуд, Тоҷикистон дар минтақа кишвари муҳим дар ташкили мубориза бо маводи мухаддири тавлиди Афғонистон буд ва боқӣ хоҳад монд. «Дар масъалаи ҳамкориҳои хадамоти махсуси кишвар сухан ронда, директори Агентӣ қайд кард, ки ин ҳамкориҳо аз сол
Мӯҳр