Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ба он ҷавонони синну соли аз 18 то 27 сола ҷалб карда мешаванд, аллакай як моҳ сипарӣ шуд.
Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, айни замон 71 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст: «Ин маърака дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Бо гузашти як моҳ ноҳияи Мурғоби ВМКБ аввалин шуда аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон гузориш дод. Иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии Бадахшон- 91,3%, ҳамчунин дар ин минтақа шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рошқалъа аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд».
Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд бошад, иҷрои нақша 68,5%-ро ташкил медиҳад ва дар ин минтақа шаҳри Чкаловск ва ноҳияи Шаҳристон пурра аз иҷрои нақшаи даъват гузориш додаанд. Вилояти Хатлон 77,5%-и нақшаро иҷро кардааст ва дар ин минтақа шаҳрҳои Қурғонтеппа, Норак ва ноҳияи Носири Хусрав нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Хамзамон, дар навоҳии тобеъи марказ бошад, нишондоди даъват ба 65% баробар буда, Варзоб ва Тавилдара нақшаро иҷро кардаанд. Дар чор ноҳияи пойтахт иҷрои нақша ба 65 дарсад расидааст. Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр, яъне тайи ду моҳ идома мекунад.
Мӯҳр