Ин миқдор нашъа шоми рӯзи гузашта, 31-уми октябр дар шимоли кишвар аз як шаҳрванд мусодира гардид.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РКД-и вилоят иттилоъ доданд, аснои дар баргузории як амалиёти вижа аз ҷониби кормандони милиса дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини 39-солаи вилоят- А.М бо гумони даст доштан дар қочоқи нашъа дастгир шуд: «Аз боздоштшуда ба микдори 59 кг 509 грамм ҳашиш ёфт ва мусодира карда шуд».
Ҳамчунин, дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷуӣ, дар шаҳри Чкаловск сокини 41-солаи вилояти Хатлон С.М. дар ҳамдастӣ бо А.М дастгир карда шуда, аз ӯ ба миқдори 30 килою 502 грамм маводи мухаддир мусодира гардид. Вазни умумии маводи боздоштшуда 90 килою 21 граммро ташкил медиҳад.
Алъон, дар робита ба ин ду далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр