«Модели тайёр кардани мутахассисони замони муосир дар самти рушди инноватсионии соҳаҳо».
Таҳти чунин унвон рӯзҳои 2 ва 3-юми ноябри соли равон дар Душанбе конференсияи 3-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш қабл аз ҳама тайёр ва омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои энергетика ва саноат, инчунин пайдо намудани усул, метод ва модели тайёр кардани мутахассисони замони муосир дар самти рушди иноватсионии соҳаҳо дар шароити низоми таҳсилоти кредитӣ мебошад.
Дар кори конфронс шарикони ҳамкор аз Федератсияи Русия (шаҳрҳои Иваново, Варонеж, Москва) ИМА ва Ҷумҳурии Олмон ширкат менамоянд.
Гуфта мешавад, ин нишаст дар доираи чорабиниҳои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар самти тайёр кардани мутахассисон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр