Мудирияти кулли идораи «Би-Би-Сӣ» дар Лондон аз боздошти хабарнигораш дар шимоли Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад.
Дар номае, ки унвонии ВАО ва дигар мақомоти зирабт расидааст, аз ҷумла гуфта мешавад, Ӯрунбой Усмонов тайи даҳ соли ахир барои Хадамоти Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ гузориш таҳия мекард ва мо хостори озодии ҳар чӣ зудтари ӯ ҳастем.Зимнан, гуфта мешавад, мо бовар надорем, ки Усмонов узви «Ҳизб-ут-Таҳрир» бошад, дар ҳоле ки ӯ бо хоҳиши идора дар бораи муҳокимаи додгоҳии аъзоёни ин ташкилоти сиёсии мамнӯшуда гузоришу хабарҳо таҳия мекард. Бино ба хабари аҳли хонаводааш, ҷаноби Усмонов, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.
Бояд гуфт, зӯҳри дирӯз ҳам сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон аз тақдири хабарнигори боздоштшудаи ВВС дар шимоли Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда гуфта буд, мо аз хабари боздошт ва гирифтори муомилаи дурушт гаштани Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори BBC дар шаҳри Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар рӯзи 14 июн бо ҷурми аъзогӣ ба созмони Ҳизбут-таҳрир изҳори нигаронӣ менамоем. Мо аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват намудем, ки ҳар чӣ тезтар ба ин масъала рушанӣ андозанд. Дар номаи сафорат ҳамчунин омадааст, Британияи Кабир дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш аз Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон муҳимияти озодии васоити ахбори умумро дар Тоҷикистон таъид менамоянд.
Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд Усмонов Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.
Мӯҳр