Дар назар аст рӯзҳои наздик хатсайри ҳавоии Душанбе-Исломобод, ки чанд вақт боз аз фаъолият боз мондааст, дубора барқарор шавад.
Бино ба иттилои Амҷад Ҳусайн Бсиал, сафири Покистон дар Тоҷикистон қатъ гардидани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Исломобод ду омил дорад, ки он ба ширкати «Тоҷик эйр», ки хизамтрасониҳоро дар ин хатсайр бар дӯш дорад, вобаста аст.
Ҷаноби сафир омили якумро дар набудани рекламаи хуб ҷиҳати ҷалби муштариён ва омили дувумро дар мавҷуд набудани тайёраи хуб дар ин хатсайр унвон намуд: « Тайёраи кушод, хуб надоранд, ки мардум моли худро бурда ва оварда тавонанд».
Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати «Тоҷик эйр», дар сӯҳбат ба Озодагон қатъ гардидани хатсайри мазкурро тасдиқ намуд ва сабаби онро набудани мусофирон ҳисобид: «Он қадар хоҳишмандон нестанд барои парвоз ба шаҳри Исломобод. Як қатор камбудиҳо мавҷуданд ва ояндаи наздик дар сурати пайдо шудани талабот хатсайр боз ба роҳ монда мешавад».
Номбурда мегӯяд, баъди роҳандозии ин хатсайр тариқи ВАО хабар дода буданд ва дар хатсайри Душанбе-Исломобод ҳавопаймои навъи «Боинг» истифода мешуд, ки набояд дар интиқоли моли мусофирон монеае эҷод шуда бошад.
Сафири Покистон дар Тоҷикистон гуфт, мушкилот дар интиқоли мол аз Покиситон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад ва илова намуд, ки масъалаи барқарор намудани хатсайри Душанбе-Исломоборо дар гутфтушӯнид бо масъулини тоҷик ояндаи наздик ҳал хоҳанд кард.
Мӯҳр