Саидаҳтам Раҳимов, писари қаҳрамони ҷаҳон Саидмуъмин Раҳимов ба мақоми сармурабии тими мунтахаби кишвар оид ба ҷудо таъин гардид.
Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи милли олимпӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштани Носир Бозоров, собиқ сармурабии тими мунтахаби кишвар оид ба ҷудо, бо қарори Кумитаи иҷрояи Федератсияи ҷудои кишвар дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Саидаҳтам Раҳимов ӯро дар ин вазифа иваз намуд.
Саидаҳтам Раҳимов, иштирокчии Бозиҳои олимпии тобистонаи ИМА дар соли 1996, 2-карат барандаи ҷоми ҷаҳон оид ба самбо-1996-1998, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо байни давлатҳои хурд, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар Панама оид ба самбо, барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба ҷудо, чемпиони Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба ҷудо, устоди хизматнишондодаи ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки Парвиз Собиров бошад ба ҳайси мураббии тими мунтахаб оид ба ҷудо таъин гардидааст.
Мӯҳр