Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат асли садамаи нақлиётиро, ки бар асари он журналист Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифтааст, барои матбуот шарҳ дод.
Номбурда аснои сӯҳбат ба Озодагон гуфт, дар рафти санҷиши қазияи мазкур муайян карда шуд, ки шоми 9-уми октябри соли равон тахминан соати 20:10-и бегоҳӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Ландкрузер», Айёмиддин Раҳмиддинзода, ки ба самти хиёбони «Рӯдакӣ» ҳаракат мекард, дар рӯ ба рӯи «Боғи ҳайвонот» бандҳои 9-2 ва 10-2-и қоидаи ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, суръати ҳаракатро зиёда аз 60 километр соат менамояд.
Асадаллоев афзуд, ронандаи мазкур дар ҳолати мавҷуд будани хатҳои уфуқии дутарафа, ки барои ҷудо намудани ҳаракати воситаи нақлиётӣ ба самтҳои муқобил пешбинӣ шудааст, ба тарафи чап гашта ба самти муқобил ҳаракат мебарояд: «Дар натиҷа мошини ӯ ба автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ», ки таҳти идораи ронанда Ҷавоншери Фирӯз ҳаракат мекард бархурдааст. Бар асари ин сонеҳа чор нафар, аз ҷумла журналист Искандари Фирӯз ҷароҳати сангини ҷисмонӣ бардоштааст».
Ба қавли сухангӯи ВКД, ташхис нишон дод, ки баъди ба вуқӯъ пайвастани садамаи нақлиётӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Ландкрузер» Айёмиддин Раҳмиддинзода дар ҷои ҳодиса қарор дошта, ба ҳеч куҷо фирор накардааст.
Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба Айёмиддин Раҳмиддинзода тибқи моддаи 212, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ (аз 19-уми октябри соли равон) оғоз гардида, тафтишот идома дорад
Мӯҳр