Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи гуштии миллӣ миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии маркази ин вилоят оғоз шуд.
Бино ба гуфтаи Алишер Ташрипов, сардори шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ ҳадаф аз роҳандозии ин мусобиқот тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш мебошад. Чорабинӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ доир шудааст ва дар он хонандагони синфҳои болоии мактабҳо иштирок карданд.
Мавриди ба зикр аст, ки аксар наврасону ҷавонони шаҳри Хоруғ майлу рағбат ба варзиш ва бахусус гуштингирӣ доранд. Нишони ин бо даъвати аввал ҳозир шудани теъдоди зиёди довталабони ширкат дар мусобиқа буд.
Қарор аст, мусобиқаи мазкур имрӯз ба анҷом расад ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шаванд.
Мӯҳр