Кунгураи байналмилалии Салмони Форсӣ бо ҳузури 200 меҳмони дохилию хориҷӣ дар Козируни устони Форси Эрон баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, дар ҳошияи ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки рӯзҳои 31 октябр ва 1 ноябри соли равон баргузор хоҳад гашт, шаҳрҳои Козируни Эрон ва Мадоини Ироқ хоҳархонда мешаванд ва низ гузоштани тандиси Салмони Форсӣ дар майдони даромадгоҳи Козирун, барпоии намоишгоҳи ҳунарҳои таҷассумӣ ва барпоии шаби шеър аз ҷумла барномаҳое ҳастанд, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш доир хоҳанд шуд.
Маврид ба тазаккур аст, ки Салмони Форсӣ аз ҷумлаи шахсиятҳои машҳур ва фохири ҷаҳони Ислом аст, ки аз ҷойгоҳи мумтозе дар миёни мусулмонон бархурдор мебошад.
Мӯҳр