"Ҳамкорӣ миёни ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқ”.
Таҳти чунин унвон дар бинои дафтари душанбегии Институти инъикоси масъалаҳои ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон ҳамоиши таълимӣ барои рӯзноманигорони ҷавон идома дорад.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни омӯзиш ба рӯзноманигорони ҷавон ташкил ва гузаронидани нишастҳои хабарӣ, ёфтани мавзуъҳои доғ, истифода намудани методҳои гуногуни пешниҳоди мавод таълим дода мешавад.Ҳамчунин, рӯзноманигорон имкон доранд, ки дониши худро дар масъалаи ҳуқуқӣ мукаммал гардонанд.Ба муҳофизони ҳуқуқи инсон дар ин семинар истифодаи самараноки Воситаҳои ахбори омма зимни фаъолияти касбӣ омӯзонида мешавад. Семинари омӯзишӣ тайи ду рӯз давом хоҳад кард.
Ин семинар дар доираи лоиҳаҳои IWPR: “Пешгирии муноқишаҳо дар Осиёи Марказӣ: ҳамкории судманд ва рушди зарфият ба воситаи Воситаҳои ахбори омма» сурат мепазирад.
Мӯҳр