Дар пайи амалиёти кормандони Вазорати корҳои дохила дар ноҳияи Ҳисор як гурӯҳ наврасон бо ҷурми ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин ноболиғон Саидҷаъфари Карими 14 сола, ва Шуҳратҷон Ҷамшеди 15 сола, сокинони кӯчаи Шарқи ноҳияи Ҳисор мебошанд.
Манбаъ илова намуд, ки номбаршудагон тариқи пинҳонӣ вориди хонаи Мавҷуда Фазлиддинова шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа» ва 2 ҳазор доллари амрикоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, феълан ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Мӯҳр