Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон як қатор нафаронеро аз вазифа озод намуда, чанд тани дигарро ба вазифаҳои нав таъин намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуотии президент Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Воробев Владимир Василевич аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета», Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози», Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи муовини якуми директори телевизиони «Сафина» ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи муовини директори телевизиони «Сафина», Исроил Носиров аз вазифаи директори гурӯҳи назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи муовини роҳбари минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шудаанд.Бино ба иттилои манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин Саид Сиддиқов муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Сироҷиддин Иззатуллоев сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета», Ёқубҷон Абдуманонов сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» ва Абдукарим Ҳикматов директори генералии корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет таъин карда шуданд.Бо фармони президент Камол Абдураҳимов аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Ҳуриннисо Ализода аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва Саид Сиддиқов аз вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президент озод шуданд.Шаҳло Насриддинова сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Исроил Носиров директори гурӯҳи назди президент оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.Абдурашид Хуҷамқулов директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.
Мӯҳр