Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти Сюзан Эллиот, сафири тозатаъини Амрико дар Тоҷикистон бо Рустам Назаров, директори агнтии мазкур баргузор гардид.
Бобоҷон Шафиев, сӯхангуи ин агентӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ҷараёни вохӯрӣ Рустам Назаров хонум Сюзан Эллиотро бо вазъи кунунии мухаддирот дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, чораву тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир, ташкили ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳамкорон аз дигар мамлакатҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд: «Рустам Назаров ҳамчунин дар бораи фаъолияти агентӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди он муфассал нақл кард».
Сюзан Эллиот дар навбати худ ба таҷрибаи бузурги мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии назорати маводи нашъаовар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа таъкид кард.
Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои самаранок миёни Тоҷикистон ва ИМА дар самти мубориза бо мухаддирот изҳори умед карданд.
Мӯҳр