Бахшҳо

Убайдуллоев: Барои бартараф кардани нуқсонҳо ҳанӯз ҳам имконият ҳаст

Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи шаҳрию институтҳои шаҳрвандӣ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ҷаласа баргузор шуд.

Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, Убайдуллоев аз ҳолати омодагиҳо ва ҷараёни татбиқи нақша «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» ва вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013», инчунин  натиҷаи санҷиши анҷомгирифтаро дар таносуби сохторҳои масъул ва ҳар кадом субъектҳои хизматрасони шаҳриву ноҳиявӣ ба риштаи таҳлил кашид.   

Райиси шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло ҳам то фарорасии фасли сармо имконият ҷой дорад, ки нуқсонҳои мавҷуда комилан бартараф ва сифати корҳои омодагириҳо таври хоста таъмин карда шаванд. Бо ин мақсад бо таъкиди ҳар кадоме, ба кулли роҳбарони сохторҳо барои андешидани тадбирҳои иловагӣ то 15 ноябри соли 2012 мӯҳлат муқаррар намуд. Ҳамзамон зикр сохт, ки бо инобат ва хулоса аз мавсими зимистонгузаронии соли гузашта бояд ҳар сокини шаҳр ва роҳбари субъекти хоҷагидорӣ бештар дар ин маърака ҳиссагузор ва фаъолтар бошанд.

Инчунин, масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти муштариён бо оби нӯшокӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳхою пиёдагардҳо, ҳолати санитариву экологии шаҳр, риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сокинон мавриди баррасӣ қарор гирифт.   
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)