Бахшҳо

Изҳори нигаронии сафорати Британияи Кабир аз боздошти журналист

Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон аз тақдири хабарнигори боздоштшудаи  BBC изҳори нигаронӣ менамояд. Дар изҳороте, ки сафорати мазкур чанд лаҳза қабл пахш кард, аз ҷумла гуфта мешавад, мо аз хабари боздошт ва гирифтори муомилаи дурушт гаштани Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори BBC дар шаҳри Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар рӯзи 14 июн бо ҷурми  аъзогӣ ба созмони Ҳизбут-таҳрир изҳори нигаронӣ менамоем. Мо аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват намудем, ки ҳар чӣ тезтар ба ин масъала рушанӣ андозанд. Дар номаи сафорат ҳамчунин омадааст, Британияи Кабир дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш аз Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон муҳимияти озодии  васоити ахбори умумро дар Тоҷикистон таъид менамоянд.  Мо кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар самти  таъмини амният ва субот дар кишвар эътироф ва дастгирӣ менамоем, вале боисрор таъкид мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти хешро дар ин самт бояд  дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии хеш ба роҳ андозад. Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд  Усмонов  Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф  аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)