Ин созмон бо ҳадафи беҳтар шудани кори матбуот ташкил мешавад.
Ба навиштаи хабаргузории "Форс", Муҳаммадҷаъфари Муҳаммадзода, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар маросими ифтитоҳияи 19- умин Намоишгоҳи байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо дар Теҳрон дар бораи зарурати таъсиси Иттиҳодияи матбуоти ҷаҳони Ислом хабар дод ва гуфт: ин кор барои дарки дуруст ва огоҳии расона ва ҷомеаҳо аз якдигар мусоидат ва ёрӣ мерасонад.
Вай дар идома гуфт:дар шароите, ки бунгоҳҳои дуруғпароканӣ бар онанд то миллатҳоро аз ҳуввияти хеш дур кунанд, бар мост, ки бо чашмони боз ва бедор заминаҳои рушди кайфии расонаҳоро фароҳам кунем.
Муҳаммадзода афзуд: дар сурати ташкили чунин Иттиҳодия ҳамдилӣ ва ҳамнавоии расонаҳое, ки дар қавлу феъл ва ҳадаф ягонаанд, рақам хоҳад хӯрд.
Мӯҳр