«Аз самимияту меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла манзараҳои хотирмони кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшон боз ҳам нияти сафар ба Тоҷикистонро дорам».
Иван Дементевский, рӯзноманигор-аксбардори рус, ки чанде қабл аз Тоҷикистон дидан кардааст, дар ин бора зимни як чорабинӣ бо номи «Тоҷикистон: фарҳанг ва суннатҳои Бадахшони Кӯҳӣ» дар шаҳри Маскав иброз дошт.
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Русия ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ донишмандон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими Русия, донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии шаҳри Масква, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва корманди Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ширкат доштанд.
Манбаъ афзуд, дар оғоз корманди Пажуҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия, донишманди шинохта Боғшо Лашкарбеков бо унвони "Помир - боми ҷаҳон" маърӯза намуда, сипас рӯзноманигор-аксбардори рус Иван Дементевский, ки чанд моҳ пеш аз ин ба Тоҷикистон сафар карда буд, суханронӣ намуд. Ӯ аз сафардидаҳояш ба Бадахшон, ки аз роҳи Қирғизистон ба он ворид гардида, давоми чанд рӯз ҳаёти мардум ва табиати нодиру дилбари ин қисмати Тоҷикистонро бо чашми сар дидааст, аз рӯйи аксҳои бардоштааш, муфассал ҳикоят намуд.
Иван аз самимияту меҳмоннавозии мардум, табиати нотакрор, аз ҷумла манзараҳои хотирмони кӯҳҳои сарбафалак ва обу кӯлу дарёҳо сухан ронда, таъкид кард, ки боз ҳам дар сар нияти сафари Тоҷикистонро дорад ва ин бор мехоҳад ба муддати бештар он ҷо бимонад, то аз он диданиҳо зиёдтар баҳравар гардад.
Мӯҳр