Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ин корхона бо маблағгузории сармоягузорони ватанӣ бунёд ёфта, таҷҳизоти он бо маблағи 1.842.000 доллар аз Хитой ворид карда шудааст.
Дар маросими кушодашавӣ ва ба фаъолият оғоз намудани корхона Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ иштирок намуд. Иқтидори солонаи истеҳсолии марҳилаи аввали корхона 100 ҳазор тонна сементро ташкил дода, айни замон 142 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, марҳилаи дуюми бунёди корхона баъди ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами марҳилаи аввал оғоз шуда, иқтидори он истеҳсоли 1 миллион тонна сементро дар як сол дар бар мегирад. Роҳбарияти корхона ба нақша гирифтааст, ки бо афзоиши истеҳсолот дар ин корхона шумораи ҷойҳои кориро ба 300 нафар мерасонад.
Маврид ба ёдоварист, талаботи солонаи Тоҷикистон ба семент бештар аз 2 миллион тонна арзёбӣ мегардад. Масъулини Вазорати энергетика ва саноат мегӯянд, айни ҳол дар кишвар 6 корхонаи сементбарорӣ, ки калонтаринашон «Тоҷиксемент» мебошад, фаъолият доранд.
Мӯҳр