Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 6 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, 5 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ин бора ба Озодагон Муҳаммадшариф Шамсов, корманди Хадамоти матбуотии Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, соати 9-30-и рӯзи гузашта, дар шаҳраки Роғун автомашинаи тамғаи «Опел астра», таҳти идораи ронанда Маҳмадулло Қурбонови 38-сола ( дар километри 79-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт) ба ҷарии 80 метр ба ҷарӣ сарозер мешавад. Дар натиҷа мусофирони нақлиёт Озодаи Шералии 44-сола ва Қарабоев Файзалии 51- сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда бошад ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи Оби гарм интиқол ёфтан ба ҳалокат мерасад.
Бояд тазаккур дод, ки аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 1136 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда 371 нафар ба ҳалокат расида, 1271 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.
Мӯҳр