Дар ҷануби Афғонистон ду хизматчии ҳарбии Бритониёи Кабир кушта шуд.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Бритониё сарбозон ҳангоми посбонии ноҳияи Наҳри Сароҷи музофоти Ҳилманд мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Маълумоти бештар алъон рӯи даст нест.
Давоми 11 соли амалиётҳои низомӣ алайҳи Толибон ва «Ал Қоида» дар қаламрави Афғонистон 435 хизматчии ҳарбии Бритониёи Кабир ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр