Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохила зимни як ҷаласаи вижа дар Раёсати ВКД-и ВМКБ , ду нафар кормандони шӯъбаи ВКД-ро дар ноҳияи Мурғоб аз ваколатдори оперативии корҳои дохилӣ озод кард.
Маҳмадулло Асадуллоев, сӯхангуи вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки Рамазон Раҳимов ин ду нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, Асалбек Боронбоев капитани милитсия, ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ, ва Маҳкам Лашкаров, подполковники милитсия, сарваколатдори шӯъбачаи кофтукови ҷиноиро бинобар сабаби бо гурӯҳҳои ҷиноятии дар шаҳри Хоруғ алоқамандӣ доштанашон аз вазифа озод намудааст.
Манбаъ илова намуд, ки дар ҷаласа вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корӣ ва риояи интизоми хизматӣ баррасӣ шуд: «Инчунин вобаста ба натиҷаҳои пасти фаъолияти хизматӣ ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба масъулияти базимадошта, 7 нафар кормандони ШВКД дар шаҳри Хоруғ аз вазифа озод ва нисбати 5 нафари дигар танбеҳ эълон карда шуд».
Мӯҳр