Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо шайх Равил Гайнутдин, раиси Шӯрои муфтиҳои Русия мулоқот намуд.
Аз ҲНИТ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Муҳиддин Кабирӣ зимни ин вохӯрӣ бо ишора ба аҳамияти рушди андешаҳои муътадил ва асили исломӣ ҳамчун омили пешгирандаи ифротгароӣ дар байни мусалмонон, ба хусус ҷавонон нақши уламо ва пешвоёнро муҳим дониста, фаъолияти шахсии Равил Гайнутдинро намуна арзёбӣ кард.
Кабирӣ қайд намудааст, ки уламо ва роҳбариятҳои динӣ дар минтақаи мо бояд аз ихтилофҳо ва ҷудоиандозиҳо канораҷуйӣ намуда, ҳамкории бештар дошта бошанд ва нерӯҳои солими ҳама ҷомеъа бояд атрофи арзишҳои муштарак ҷамъ шаванд ва ин потенсиали бузургро дар хидмати миллатҳо ва кишварҳои худ бигузоранд.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки иртиботҳоро қавитар намуда, чорабиниҳои муштарак миёни муҳоҷирон анҷом диҳанд.
Роҳбари ҲНИТ зимни ин сафари худ ҳамчунин бо Виталий Наумкин, директори Институти шарқшиносии Русия мулоқот анҷом дод.
Бояд зикр намуд, академик Наумкин дорандаи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон мебошад ва дар самти таҳкими дӯстиву бародарии ду кишвар саҳми бузург гузоштааст.
Мӯҳр