Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон сарвари тими «Терек»-и Грознийро аз вазифа сабукдӯш кард.
Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия, Рууд Гуллит собиқ бозигари дастаи яккачини Ҳолланд ва қаҳрамони аврупову беҳтарин футболбози дунё дар симмати сармурабии тими «Терек» ҳамагӣ чор моҳ фаъолият кард. Қаблан ӯ мураббии тимҳои маъруфи «Челсӣ» ва «Нюкасл»-у «Фейенорд» низ буд.
Гуфта мешавад, Гуллит баъди бохти навбатии «Терек» дар бозие, ки ӯ мегуфт, бояд ҳатман бурда шавад, ба далели натиҷаҳои начандон хуби тимаш дар мусобиқоти лигаи олии футболи Русия сабукдӯш карда шуд. Ин бозӣ миёни дастаҳои лигаи олии Русия- “Терек” ва «Амкар»-и Перм сурат гирифта, дар дақиқаи охирин ба бохти чеченҳо ба анҷом расид. Ҳисоби ин сабқат 0-1, ба нафъи пермиҳо ба охир расид.Ҳамин тавр, тими «Терек» дар байни 16 дастаи лигаи олӣ дар ҷойи «хавфнок»-и 14-ум қарор гирифтааст.
Маврид ба ёдоварист, сармураббии тими «Амкар»-ро нимҳимоягари собиқ ва капитани дастаи «Помир»-и Душанбе Рашид Раҳимов ба ӯҳда дорад.
Мӯҳр