Бори аввал ҳунармандони театри давлатии мусиқиву драмавии ба номи Меҳрубон Назарови ВМКБ барои ширкат дар Фестивали IV-уми байналмилалии театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Алмаато сафар намуданд.
Раҳматулло Раҳматуллоев, сӯхангуи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар чорабинӣ ҳунармандони театр асари Тоҳир Маҳмадризоев- «Ишқи парӣ»-ро намоиш медиҳанд.
Манбаъ инчунин қайд кард, ки ҳукумати ВМКБ ва Вазорати фарҳанг барои харҷи сафари аҳли театр 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Гуфта мешавад, ки театри тоҷик дар зарфи 20 соли охир бори аввал аст, ки дар ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат мекунад.
Мӯҳр