Имрӯз, 24-уми октябр вакилони аъзои Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди давалтҳои мустақил оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар иттилоъ дод, ки ҳайати мазкур дар доираи сафари худ, ки то 27-уми октябр идома меёбад, бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва намояндагони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон мулоқот анҷом хоҳад дод: «Дар доираи ин боздид, нишасти Комисияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ, истифода аз таҷрибаи якдигар, шиносоӣ бо раванди таҳия ва қабули қонунҳо дар парлумонҳои ҷумҳуриҳои аъзои ин иттиҳод мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт».
Манбаъ мегӯяд, ҳайати мазкур ҳамчунин аз Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода, осорхонаи миллии бостоншиносӣ боздид намуда, дар назар аст бо фарҳанг ва тамаддуни минтақаҳои истироҳатӣ ва туризми Тоҷикистон аз наздик ошноӣ пайдо кунанд.
Мӯҳр