Шумораи нафарони соҳиби корти пластикӣ дар Точикистон ба 485 ҳазор расид.
Аз Бонки миллӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин нишондод нисбат ба аввали соли равон 111 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Масъулини ин бонк мегӯянд, рушди бозори кортҳои пластикӣ дар ҷумҳурӣ яке аз шартҳои муҳими ҳаллӣ мушкилоти пардохтҳои ғайринақдӣ дар бозори чакана мебошад.
Тибқи маълумоти Бонки миллӣ то аввали моҳи октябр тариқи кортҳои пластикӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он бо наздики 5 ҳазор муомилот ба маблағи бештар аз 2 миллион сомонӣ хизматрасониҳо шудааст.
Мӯҳр