Майя Панҷикидзе, номзад ба курсии вазири умури хориҷии Гурҷистон муътадилии муносибат бо Русияро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш унвон кард.
Зимни суханронӣ дар яке аз кумитаҳои парлумон Панҷикидзе ҳамчунин изҳор дошт, ки то замоне ки Русия мустақилияти Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро, ки Гурҷистон онҳоро минтақаҳои худ медонад ба расмият мешиносад, пешрафтҳои назаррасе дар муносибати миёни Маскав ва Тбилисӣ ғайримкон аст.
«Мавқеи ҳукумати нави Гурҷистон нисбат ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон бетағйир боқӣ хоҳад монд»,-гуфтааст Панҷикидзе.
Майя Панҷикидзе эътилофи «Орзӯи Гурҷистон»-ро намояндагӣ мекунад, ки дар интихоботи парлумонии 1-уми октябр пирӯзӣ ба даст овард. Ояндаи наздик парлумон ҳукумати нав бо роҳбарии Бидзина Иванишвилиро бояд тасдиқ намояд.
Мӯҳр