Бар асари ду сониҳаи нақлиёти дар ҷануби кишвар ду ноболиғ ҷон бохт.
Тавре аз Раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ба Озодагон иттиллоъ доданд, рӯзи гузашта, 22-юми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Карона» Умед Наботови 36 сола аснои ҳаракат аз самти ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе дар километри 73-юми роҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба дарахти канори рост бармехӯрад. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, мусофири он ноболиғи 8 сола Рафоати Умед дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Худи ҳамон рӯз ронандаи автомашинаи «Опел астра» Тоҷиддин Ғаюрови 26 сола ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб аз идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, пиёдагарди ноболиғ Алифмоҳ Қаландароваи 7 соларо пахш мекунад. Ноболиғ аз ҷароҳатҳои бардошта мефавтад.
Сарчашмаи хабар афзуд, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 11 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 3 нафар ҷони худро аз даст дода, 9 тани дигар захм бароштаанд.
Мӯҳр