Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон 24,8 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуктаро Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни ҳамоише дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Ба қавли номбурда, суръати афзоиши воқеии ММД ба 7,5 фоиз баробар гардида, дар сохтори он ҳиссаи истеҳсоли молҳо 44,9%, хизматрасонӣ 42,2% ва андозҳо 12,9%-ро ташкил додааст. Умед Давлатзод амалӣ гардидани якчанд чорабиниҳои мушаххаси пешниҳодкардаи Вазорати рушди иқтисод ва савдоро бо мақсади таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва тадбиқи сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон мувофиқи мақсад ҳисобид.
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар навбати худ гуфт, ки новобаста ба душвориҳо ва монеаҳои мавҷуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% рушд намудани иқтисоди кишвар натиҷаи хуб аст: «Он далел хурсандиовар аст, дар МММ ҳиссаи истеҳсоли молҳо зиёд шудааст ва он нишонаи ташкили корхонаҳои истеҳсолии нав, нишонаи аз сӯи бозор ба самти истеҳсоли мол рӯй овардани мардум мебошад».
Раҳимзода натиҷаҳои дигари давраи ҳисоботиро қайд намуда, аз кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҳамчунин вазорату идораҳои дигар бештар таҳлили амиқ намудан ва вусъат бахшидани ҳамкориро тақозо кард.
Мӯҳр