Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри имрӯз, 23-юми октябр дар доираи як сафари расмӣ ба Финляндия меравад.
Тибқи иттилои расида, дар чорчуби ин дидор сарвари давлат бо ҳамтои худ Саули Ниинисте мулоқот хоҳад кард. Дидору вохӯриҳои ӯ бо чанд мақоми дигари баланди Финляндия низ дар нақша мебошад. Дар поёни сафар тасвиби як қатор санадҳои байниҳукуматӣ дар назар аст.
Мӯҳр