Бозиҳои даври 21-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.
19-уми октябр дастаҳои «Гвардия»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат дар варзишгоҳи КМВА (ССКА)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 бар нафъи «Хайр» поён ёфт. Ду бозии дигари ин давр 20-уми октябр баргузор шуд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби бузурги 9:1 мағлуб кард. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Се бозии охири ин давр, дирӯз (21.10.2012) баргузор гардид. «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ ба дарвозаи «Зарафшон»-и Панҷакент 5 голи беҷавоб зад. Бозии миёни «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд мусовӣ- 0:0 анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, «Регар-ТадАЗ» бо 48 имтиёз аз 19 бозӣ дар садри ҷадвал қарор дорад. «Равшан», ки аз 19 бозӣ 47 хол ба даст овардааст мақоми дуюмро касб мекунад. «Хайр» 18 бозӣ анҷом дода ва соҳиби 39 имтиёз асту дар ҷадвали мусобиқа ҷойи сеюмро муаррифӣ мекунад. «Истиқлол» аз 16 бозӣ 36 хол ба даст оварда, дар зинаи чорум қарор дорад.
Нишонзанони беҳтарини сабқат инҳоянд: Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ») 16 гол, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») 14 голӣ ва Шодибек Ғаффоров («Энергетик») 11 гол.
Мӯҳр